10.06.2026 04:27

Телевизиони вилояти Суғд соли 1990 таъсис ёфта, яке аз аввалин телевизионҳои вилоятӣ дар каламрави ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад. Телевизиони вилояти Суғд барномаҳои худро бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ӯзбекӣ омода менамояд. Дар давоми фаъолияти хеш ҷиҳати инъикоси мавзуъҳои муҳими ҷамъиятию сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ, дастовардҳои ҷумҳуриву вилоят барномаҳои ҷолиб таҳия ва пахш намудааст.

Соли 1992 дар Қасри овозадори  Арбоби ноҳияи Б.Ғафурови вилояти Суғд Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, ки телевизиони вилоят рафти баргузории онро пурра сабт намуда, пешниҳоди аҳолии ҷумҳурӣ кардааст. Иҷлосияи мазкур дар ҳақиқат тақдирсоз буда, он барои пойдории сулҳу ваҳдат дар ҷумҳурӣ замина гузошт. Маҳз дар ҳамин иҷлосия Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд.

         Муҳаррирону мухбирон, коргардонҳо, наворбардорон, танзимгарон ва гуруҳи техникии телевизион маводҳоро мустақиман аз ҷои баргузории Иҷлосия ба тамоми ҷумҳурӣ омода ва пахш карданд. Мардум бесаброна навидҳои тозаро аз рафти иҷлосия интизор буданд. Телевизиони вилояти Суғд нахустин шуда қарорҳои Иҷлосияро ба мардум расонид.

         Аз оғози фаъолият то соли 2007 телевизиони вилояти Суғд дар як шабонарӯз дар ҳаҷми як соат барномаҳои худро тавассути шабакаи телевизиони “Тоҷикистон” пахш мекард ва соли 2007 соҳиби шабакаи алоҳида гардида, ба пахши ҳаштсоатаи барномаҳои худ пардохт. Сол аз сол сифати техникии пахш ва фарогирии он хубтар мегардад. Барномаҳои телевизиони вилояти Суғдро на танхо сокинони шаҳру навоҳии вилоят хамчунин дар ноҳияҳои наздисарҳадии ҷумҳуриҳои Ӯзбекистону Қирғизистон тамошо мекунанд.

 Телевизиони вилояти Суғд дар шахру ноҳияҳои вилоят мухбирони махсуси худро дорад, ки ҷиҳати инъикоси саривақтии воқеаву рӯйдодҳои муҳим мусоидат мекунанд.  

Соли 2016 телевизиони вилоят аз пахши ҳаштсоатаи барномаҳо ба пахши 18 соата гузашт. Соли 2018 бошад бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои иловагии Идораи телевизион ва радиои вилояти Суғд, ки бо дастгирии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бунёд гардидааст, мавриди истифода қарор гирифта, ҳамзамон ба фаъолияти телевизиони вилояти Суғд дар формати дақиқияташ баланди “HD” оғози расмӣ бахшида шуд. Аз моҳи декабри соли 2019 то ин ҷониб пахши барномаҳои телевизиони вилояти Суғд тавассути моҳвора ба роҳ монда шудааст.

Бинои телевизион ва радиои вилоят аз ду ошёна ва 24 утоқи корӣ, 4 студияи муосиру барҳавои сабту пахши барномаҳои телевизиониву радиоӣ, 9 танзимгоҳ ва дигар шароити хизматрасонӣ иборат мебошад.

Дар ошёнаи якуми телевизион студияи вертуалӣ, декоратсияҳо барои барномаҳои “Ахбор”, “Шамими субҳ”, барномаи мустақими фарҳангию фароғатии “Шоми дидор” ва декоратсияи замонавӣ барои ШОУ-барномаҳои сиёсӣ ва дигар барномаҳо мутобиқ ба талаботи давру замон сохта шуда, дар он таҷҳизоти муосири равшандиҳанда насб гардидааст.