10.06.2026 04:31

Ҷавонон қувваи пешбарандаи ҷомеа буда, ҳамчун нерӯи бузургу ояндасоз баҳри фардои дурахшони кишвар саҳми арзанда мегузоранд. Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон таҳти унвони «Ҷавонон пайравони Пешвои миллат» чорабинии тантанавӣ баргузор шуд. Дар ин чорабинӣ аъзоёни ҷавони Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон, сарбозону афсарони қисмҳои низомӣ ва хонандагону донишҷӯёни фаъоли шаҳр иштирок намуданд.