10.06.2026 04:37

Дар марҳилаи вилоятии чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни наврасони 12-13-сола имсол аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 22 даста футболбозони наврас иштирок доранд. Чорабинии варзишии мазкур дар майдони варзишии мактаби махсуси футболи вилояти Суғд баргузор гардида, беҳтарин даста ба марҳиллаи ҷумҳуриявӣ роҳхат мегирад. Ҳамчунин дар маркази вилоят бахшида ба Рӯзи шаҳри Хуҷанд мусобиқаи кушоди шаҳрӣ оид ба футбол байни наврасон доир гардид.