Аз санаи 25-ум то 30-уми сентябри соли равон дар МДТ «Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат» дар шаҳри Бӯстон даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор мегардад. Дар он 1 ҳазору 222 нафар ғолибони даври дуюм ширкат варзида, дониши амалӣ ва назариявии худро дар бахшҳои озмун месанҷанд.
