10.06.2026 04:27

Аз аввали соли равон то ба имрӯз дар шаҳри Хуҷанд беш аз 40 километр роҳҳо мумфарш карда шуданд ва асфалтпӯшкунии дигар кӯчаҳо то охири сол идома хоҳад ёфт. Дар ин раванд бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд кӯчаи асосии байни махаллаҳои 13 ва 18-уми маҳаллаи Мевагули шаҳри Хуҷанд аз таъмири хушсифат бароварда шуд.