10.06.2026 04:30

Дар вилояти Суғд маросими қадрдонии ғолибони озмуни ҷумҳуривии “Дуои модар” баргузор гардид. Бо мақсади иштирок дар ин чорабинии бошукуҳ гурӯҳи меҳмонон ба вилояти Суғд ташриф оварда, аз мавзеъҳои таърихиву сайёҳи ҳудуди вилоят дидан намуданд. Бояд зикр дошт, ки озмуни “Дуои модар” бо ташаббуси нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Ҷумҳурият” якҷо бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ташкил гардидааст.