10.06.2026 04:36

Спартакиадаи омузгорон ва кормандони сохаи маорифи вилояти Суғд ба анҷом расид. Дар ин чорабинии варзишӣ, ки бахшида ба Рӯзи омӯзгорон бо ташаббуси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Суғд роҳандозӣ шуда буд, кормандони варзишдӯсти соҳаи маориф аз ҳамаи шаҳру ноҳияҳо ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ иштирок намуда, дар намудҳои тенниси рӯйи миз, шашкаю шоҳмот ва футболи хурд маҳорати худро нишон доданд. Ҳамчунин дар шаҳри Хуҷанд мусобиқаи муассисаи давлатии мактаби варзишии №1-и маркази вилоят оид ба футбол байни наврасони аз 10 то 12 сола баргузор шуд. Дар ин чорабинии варзишӣ, ки бахшида ба Рӯзи шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, 8 даста иштирок намуда, байни ҳам сабқат карданд.