10.06.2026 04:36

Бо такя ба дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишоварзони шаҳру деҳоти Панҷакент ба масъалаи рушди соҳаи кишоварзӣ диққати хоса медиҳанд. Риояи қоидаҳои агротехникӣ ва кишту парвариши тухмиҳои хушсифат имкон дод, ки ҳосили маҳсулоти кишоварзӣ дар шаҳри Панҷакент фаровон гардад. Имрӯзҳо деҳқонон ба ҷамъоварии шолӣ ва маҳсулоти полезӣ машғул мебошанд.