Ҳамасола санаи 30-уми сентябр дар саросари кишвар Рӯзи Мавлоно ҷашн гирифта мешавад. Ба хотири арҷгузорӣ ба осори гаронбаҳо ва воқеан оламшумули Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори аввал озмуни ҷумҳуривӣ “Маснавихонӣ” роҳандозӣ гардид. Даври вилояти он дар шаҳри Хуҷанд ҷамъбаст гардида, ғолибон ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд.
