10.06.2026 04:33

Дар шаҳру ноҳияҳои пахтакори вилояти Суғд маъракаи муҳим-ҷамъоварии пахта вусъат гирифта, барои беталаф ғунучин намудани “тиллои сафед” тадбирҳои зарурӣ андешида шудааст. Дар доираи эълон гаштани 60-рӯзи меҳнати зарбдор то имрӯз заркорони вилоят ба хирман беш аз 40-ҳазор тонна дурри гаронбаҳо рехтанд, ки ин зиёда аз 30-дарсади нақшаи истехсолиро ташкил медиҳад. Оғози ин маъракаи муҳим тақозо менамояд, ки дар баробари хоҷагидорону кишоварзон, ҳамчунин аҳолӣ, намояндагони касбу кори гуногун барои саривақту беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили пухтарасида саҳм гузоранд. Кормандони ташкилоту идора ва муасисаҳои вилоятӣ дар рӯзҳои истироҳатӣ ба ҳашар баромада, дар ғунучини пахта ба хоҷагидорони ноҳияи Спитамен кӯмак намуданд.