Рӯзи омӯзгоронро, ки ҳамасола дар оғози моҳи октябр таҷлил карда мешавад, кормандони соҳаи маорифи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар майдони пахтазор, паҳлӯи марди деҳқон гузарониданд. Бо дарки он, ки ин дурри гаронбаҳо барои рушди кишвар заминаи воқеӣ мегузорад, имрӯзҳо сокинони касбу кори гуногун бо хоҳиши худ барои саривақт ҷамъоварӣ намудани ҳосили пухтарасида ба пахтачинӣ мераванд.
