Хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистони соҳибистиқлол барои ҷавонон мояи ифтихору адои қарзи ҷавонмардист. Дар вилояти Суғд баҳри иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафи ихтиёриёни хизмат ба Ватан зиёд шуда истодааст. Имрӯзҳо аҳли ҷомеаи вилоят, шаҳру ноҳияҳо ҷавонони навдаъватшударо ба сафҳои Артиши миллӣ гусел менамоянд.
