Арҷгузорӣ ба мақом ва манзалати забони давлатӣ, ки пойдевори кохи миллат ва яке аз рукнҳои асосии давлатдории миллӣ мебошад, ин эҳтиром ба гузаштаи пурифтихори миллати мо, адабиёти оламшумул ва мероси ғании халқи тоҷик мебошад. Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон — ҷашни миллиест, ки ҳамасола санаи 5-уми октябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мешавад.
