Дар натиҷаи амалӣ намудани чорабиниҳои оперативӣ кормандони Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд ва Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар минтақаи канори Баҳри тоҷик воқеъ дар ҷамоати деҳоти Лоҳутии шаҳри Конибодом як ҳолати шикори ғайри қонунии моҳиро муайян намуданд. Дар натиҷаи анҷоми амалиёт аз дастгиршудагон 1500 адад моҳӣ, миқдори зиёд тӯрҳои моҳидорӣ ва 3 адад муҳаррики қаиқ мусодира карда шуд.
