10.06.2026 04:27

Дар қатори дигар минтақаҳои кишвар, дар ноҳияи Айнӣ низ сол аз сол варзиш рушду нумӯ ёфта, барои ҷалби сокинон ба тарзи ҳаёти солим тадбирҳои судманд андешида мешаванд. Бо мақсади ҷалби ҷавонону наврасон ба варзиш дар Қасри паҳлавонони суғдии деҳаи Урметани ноҳияи Айнӣ мусобиқаи кушоди ноҳиявӣ оид ба гӯштини миллӣ баргузор шуд, ки дар он 180 нафар варзишгарони наврас иштироку зӯрозмоӣ карданд.