Варзишгарони кишвари мо аз чемпионати ҷаҳон оид ба ушу, ки дар Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор шуд, бо 2 медали тилло, 5 нуқра ва 7 биринҷи ба Ватан баргаштанд. Варзишгаронро дар шаҳри Хуҷанд намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд гарму самимӣ пазироӣ карданд.
