Ҳамасола санаи 10-уми октябр дар кишвар “Рӯзи фалак” ҷашн гирифта мешавад. “Фалак” жанри мусиқии қадимаи шифоҳӣ буда, дар тӯли садсолаҳо зиндааст ва имрӯз такомул меёбад. Ба феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии башарӣ расман ворид шудани мусиқии суннатии касбии тоҷик “Фалак” дастоварди муҳим, ҷиҳати ҳифзу оммавӣ намудани мероси ниёгон, муаррифии ҳунарҳои мардумӣ ва фарҳанги ғанию қадими тоҷиқ дар арсаи байналмилалӣ мебошад.
