10.06.2026 04:37

Саҳми хочагиҳо ва аҳолии ноҳияи Ҷ. Расулов дар ғанигардонии бозори истеъмолӣ бо анвои маҳсулоти кишоварзӣ, хусусан сабзавот шоиста мебошад. Кишоварзону хоҷагидорони минтақа дар истифодаи замин, баланд бардоштани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ таҷрибаи ғанӣ доранд. Алҳол дар ноҳия ҷамъоварии ҳосили такрорӣ ва кишти тирамоҳии зироатҳои кишоварзӣ ҷараён дошта, ҳамзамон тадбирҳо баҳри вусъати ғундоштани ҳосили пахта амалӣ мегардад.