10.06.2026 04:30

Бо мақсади иштирок дар чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини камарбандӣ, ки аз 12-ум то 15-уми октябр дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд баргузор мегардад, варзишгарони кишварҳои Муғулистон ва Туркманистон ба шаҳри Хуҷанд ташриф оварданд. Меҳмононро дар фурудгоҳи байналмиллалии Хуҷанд ва гузаргоҳи сарҳадии Фотеҳобод намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд истиқбол намуданд.