Соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёти вилояти Суғд ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024 бо таҳия намудани нақша-чорабиниҳо омода гирифтанд. Ин тадбир дар асоси қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Мақомоти иҷроияи шаҳру ноҳияҳо ба роҳ монда шуда, оғози давраи тирамоҳ ва зимистон собит хоҳад намуд, ки сатҳу сифати омодагиҳо дар муассисаву ташкилот то кадом андоза амалӣ гардидаанд. Соҳаҳои хизматрасонӣ, аз ҷумла Корхонаи воҳиди давлатии “Хуҷандобуканал” ҳамаи панҷ иншооти обдиҳӣ, обболобардорӣ ва хатту шабакаҳои обтаъминкуниро аз санҷиши техникӣ гузаронида, ба давраи сармо омода намудаанд.
