10.06.2026 04:36

Дар Тоҷикистон 18 намуди меваи хуч мавҷуд буда, дар қисмати дарахтзорон паҳну парешон, дар ҷангалзорҳои байни чормағззор ва байни дарахтони сафедору санҷид нашъунамо дорад. Хуч дар табиат натанҳо дар намуди худрӯй бисёр дучор мешавад, балки онро мардуми мо дар боғот, замини наздиҳавлигии худ парварида афзун низ мекунанд. Имрӯзҳо дар вилояти Суғд ба парвариш, истеҳсол ва коркарди ин меваи шифобах таваҷҷӯҳи махсус зоҳир карда мешавад. Соли ҷорӣ аз тарафи масъулини Хоҷагии ҷангали вилоят беш аз 100 т. меваи хуч истеҳсол карда шуд.