Амалисозии тадбирҳои омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистон омили муҳими таъмини фаъолияти мунтазаму самарабахши соҳаҳои иқтисодӣ-иҷтимоӣ дар давра мебошад. Дар вилояти Суғд дар баробари ҳамаи самту соҳаҳо дар соҳаҳои муҳими иҷтимоӣ –маорифу тандурустӣ то ин марҳила ҳаҷми асосии корҳои омодагӣ, аз ҷумла харидориву захираи маводи сӯхт-ангишсанг иҷро гардидаанд. Масалан, дар муассисаҳои соҳаи маориф барои таъмини гармии меъёрӣ зиёда аз 650 шабакаҳои гармидиҳӣ пайваст карда шудааст ва ин тадбир хусусан дар муассисаҳои мактабиву томактабии навбунёдшуда ва сохташаванда сифатан амалӣ мегардад.
