10.06.2026 04:28

Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» бо ташаббус ва сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкил ва баргузор гардида, сол аз сол шумораи иштирокчиёни ин озмуни бонуфуз бештар мегардад. Дар Донишкадаи кӯҳию металургии Тоҷикистон воқеъ дар шаҳри Бӯстон ғолибони даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат»-ро бо тантана истиқбол намуданд.