Китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров бо далелу санадҳои боэътимод таърихи қадима, нақши тамаддунофари халқи тоҷикро исбот намудааст ва асари таърихии сатҳи ҷахонӣ эътироф гардидааст. Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон»—оинаи таърихи миллат» роҳу имконияти пурраю ҳамаҷониба омӯхтани ин китоби таърихи пурифтихори халқи тоҷик мебошад. Озмуни чумхуриявии «Тоҷикон» — оинаи таърихи миллат» бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон академик Бобоҷон Ғафуров эълон гардидааст.
