Дар Академияи Вазорати корхои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими савгандёдкунии курсантони соли якум баргузор гардид. Чорабинии мазкур баъди ба охир расидани ҷамъомади таълимӣ- саҳроӣ дар факултаи 4-уми курсантон дар ҳузури устодон ва волидайн баргузор гардида, дар он ҷавонон ваъдаи тантанавии хизмат ба халқу Ватанро доданд.
