10.06.2026 04:30

Дар вилояти Суғд бо дастгирӣ ва ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаву коргоҳҳои истеҳсоли пойафзол таъсис дода шуда, сол аз сол ҳаҷми истеҳсол зиёд мегардад. Дар вилояти Суғд шумораи коргоҳу корхонаҳое, ки ба истеҳсоли пойафзол машғуланд 11 адад буда, то охири сол боз корхонаҳои нав ба истифода дода мешаванд.