Дар замони муосир таблиғи арзишҳои милливу фарҳангӣ, бедор намудани худшиносиву худогоҳии миллӣ рисолати ҳар фарди ватандӯст маҳсуб меёбад. Дар вилояти Суғд 5 театри халқӣ ва 7 театри касбӣ фаъолият дошта, ҳунармандони варзида ҳамарӯза барои пешрафти соҳа талош меварзанд. Театр таҷассумгари ҳаёт аст ва зиндагии ҳамарӯзаи мо, пешрафт ва норасоиҳои он маҳз тавассути намоишномаҳои театрӣ ва иҷрои нақшаҳои барҷастаи ҳунармандонаш таҷассум мегардад.
