Рушди соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла боғдорӣ аз омилҳои муҳими беҳтар шудани некӯаҳволии мардум, хоссатан кишоварзон ба ҳисоб меравад. Бинобар ин ба соҳаи мазкур имрӯзҳо таваҷҷуҳи мутахассисон бисёр шуда истодааст. Олимону мутахассисони соҳаи боғдорӣ барои нигаҳдории ҳосили боғҳо ва таъмини сифату ғизонокии меваҷот оид ба тарзу усули нигаҳдорию захираи мева дар анборҳо, сардхона ва дар шароити хона дар асоси хулосаҳои илмию таҷрибавӣ тавсеаҳо пешниҳод мекунанд.
