10.06.2026 04:33

Фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои дахлдори мамлакат ба таъмини амнияти давлат ва ҷомеа, пешгирӣ ва муборизаи қатъӣ бар зидди ҷинояткорӣ, хусусан ҷиноятҳои хатарноки муосир – терроризм, экстремизм, хариду фурӯши одамон, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои фаромиллӣ нигаронида шудааст. Дар ин замина саҳми кормандони мақомоти милитсия басо назаррас мебошад. Ҳамасола санаи 10-уми ноябр дар кишвар Рӯзи кормандони милитсия ҷашн гирифта мешавад. Ба ин муносибат дар Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд чорабинии тантанавӣ баргузор карда шуд.