10.06.2026 04:32

Беморхонаи клиникавии №1-уми шаҳри Хуҷанд тадбирҳои омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистонро пурра иҷро намуда, бо ин мақсад ҳаҷми меъёрии ангиштсангро зариха ва таҷҳизоти нави гармидиҳиро васлу насб намуд. Дар ин замина бинои асосии табобатии беморхона пурра таъмиру азнавсозӣ гардида, сатҳу сифати хизматрасонӣ ба аҳолӣ боз ҳам беҳтар шудааст.