Дар конфронси илмӣ, ки таҳти унвони “Эмомалӣ Раҳмон — асосгузори давлати навини тоҷикон” дар колеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, масъалаҳои расидан ба истиқлолияти давлатӣ, таҳкими давлатдорӣ ва рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистони соҳибистиқлол мавриди омӯзишу муҳокима қарор гирифт. Зикр гардид, ки мардуми кишвар бо роҳбарии Пешвои миллат давоми 30 соли охир дар тамоми соҳаҳои ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд.
