Гандум аз зироатҳои асосӣ маҳсуб ёфта, ҳамасола талабот ба ин маҳсулоти кишоварзӣ зиёд ва баҳри таъмини амнияти озуқавории мамлкат майдони кишти он меафзояд. Имрӯзҳо дар ноҳияи Шаҳристон маъракаи кишти тирамоҳии ғалладонагиҳо вусъат дошта, масъулину мутахассисон барои саривақту беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосил кӯшиш намуда истодаанд.
