Ба ифтихори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми шаҳру навоҳии вилоят корҳои ободониву созандагӣ ҳамарӯза вусъати тоза гирифта, бунёду ба истифодадиҳии беш аз 12-ҳазор иншооти ҷашнӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар ин замина дар ноҳияи Деваштич то имрӯз 151-иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуда, сохтмони иншооти соҳаҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ баҳри рушди ин соҳаҳо ҷараён дорад.
