Яхобмонӣ ва дигар тадбирҳои кишоварзӣ дар давраи зимистон аз муҳимтарин чорабиниҳои агротехникӣ баҳисоб рафта, он асоси баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва афзун намудани боздеҳи замин аст. Мутахассисони соҳаи кишоварзӣ, олимону хокшиносон вобаста ба иқлим, обу хок мондани яхобро тавсия медиҳанд.
