10.06.2026 04:30

Зардолуи тоҷик дар ҷаҳон бо тамъи хушу лазиз, ғизонокии баланд ва зебоию шифобахшӣ эътироф гардидааст. Дар вилояти Суғд масоҳати боғҳои зардолу калон аст ва ба афзун намудани боғи зардолу, ҳосилу навъҳои он, коркарду содироти ин меваи лазиз таваҷҷӯҳи хоса зоҳир карда мешавад. Имрӯз боғҳои зардолуи вилоят пурра гул карда, асос ба ҳосили фаровони зардолу аст.