Дар ҳамин шабу рӯз сатҳи оби обанбори Неругоҳи барқи обии «Норак» 5,7 метр паст фаромадааст. Омили асосии паст фаромадани сатҳи оби обанбори «Норак»-ро мутахасисони соҳа ба камбориш омадани зимистони имсола, сардии ҳаво дар баландкӯҳҳо, бахусус дар фасли баҳор ва камии об дар дарёи Вахш рабт медиханд. Гуфта мешавад, ки чунин ҳолат, яъне камобӣ дар обанбори «Норак» 12 сол қабл низ мушоҳида гардида буд. Солҳои 2008-2009 ҳатто дар фасли тобистон обанбори «Норак» бо об пурра таъмин нагардида буд. Бо назардошти ин вазъ окилонаву сарфакорона истифода намудани неруи барк мухим дониста мешавад.
