Дар шаҳри Гулистон мусобиқаи байналмилалӣ оид ба футбол байни наврасон таҳти унвони «Ҷоми Наврӯз» ба анҷом расид. Дар ин чорабинии варзишӣ, ки давоми 5 рӯз идома ёфт, наздик 70 дастаи кудакони варзишдӯст аз 5 кишвари дӯсту ҳамсояи Осиёи Марказӣ иштирок намуда, дар 6 гурӯҳи синнусолӣ байни ҳам сабқат намуданд.
