10.06.2026 04:26

Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд таъмиру навсозии роҳҳои автомобилгард оғоз гардид. Тибқи нақша бо маблағгузорӣ аз ҳамаи сарчашмаҳо дар соли 2024 масофаи нисбат ба соли гузашта зиёди роҳҳои автомобилгард бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд пешбинӣ гардидааст, ки беш аз 70 км. роҳҳо асфалтпӯш карда мешавад. Нахустин корҳои мумфаршкунӣ дар шаҳрхои Хуҷанду Истаравшан ва ноҳияи Б.Ғафуров оғоз ёфтанд.