Либоси чакану атласу адрас зеби бонувони тоҷик аст ва мероси ғании фарҳангии миллат ба ҳисоб меравад. Боиси ифтихор аст, ки санъати гулдӯзии тоҷикӣ Чакан аз ҷониби Созмони бонуфузи ҷаҳонии ЮНЕСКО ба рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии башарият ворид карда шудааст. Аз ин рӯ ин мероси волои ҳунару фарҳанги миллӣ аз ҷониби аҳли ҷомеа гиромӣ дошта, баҳри рушду такоммули ин санъати миллии тоҷикӣ тадбирҳои доимӣ амалӣ карда мешаванд.
