10.06.2026 04:38

Ба андешаи табибон, на ҳама беморони гирифтори диабети қанд дар бораи бемор буданашон сари вақт хабардор мегарданд. Нишонаҳои бемориро намедонанд, ба мутахассисон муроҷиат намекунанд ва аз дигаргунии дар вуҷудашон пайдошуда хабар намедиҳанд. Барои ин зарур аст, ки соле як-ду маротиба ҳар фард аз ташхиси мутахассисони тиб гузарад. Дар ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмонови ноҳияи Б.Ғафуров дар самти татбиқи бандҳои “Барномаи пешгирии фарбеҳӣ ва ташаккули ғизои солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар мавзӯи “Бемории диабети қанд ва роҳҳои пешгирии он” аксия бо иштироки мутахассисону сокинони ҷамоат баргузор гардид.