10.06.2026 04:34

Дастгириҳои давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ, хусусан бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якчанд марҳила ба аҳолӣ тақсим карда дода шудани заминҳои хоҷагиҳои ёрирасони шахсии шаҳрвандон, қитъаҳои наздиҳавлигӣ ва таъсиси хоҷагиҳои деҳқонӣ дастрасӣ ба обу замин буда, истифодаи оқилонаи ин заминҳо манбаи истеҳсоли маводи озуқаворӣ, таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти худӣ ва саҳмгузорӣ дар таъмини амнияти озуқаворӣ мебошад. Самараи ин дастгириҳост, ки сол аз сол хаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ афзун гардида, бозори дохилӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ бештар таъмин аст. Имрӯзҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд нуқтаҳои сари роҳии фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва гӯшаҳои деҳқон ташкил гардидааст, ки барои деҳқонон чунин тадбир ҷиҳати ба фурӯш баровардани дастранҷи хеш мувофиқи мақсад мебошад.