10.06.2026 04:29

Даври вилоятии фестивали «Оши палав» бо иштироки ошпазҳо — ғолибони даврҳои шаҳрию ноҳиявӣ аз шаҳру ноҳияхои вилояти Суғд дар чойхонаи «Сирдарё»-и шаҳри Хуҷанд баргузор гардид. Дар забонҳои авастоию суғдӣ вожаи «пал» шолӣ, яъне биринҷро ифода мекунад. Яъне, асоси вожаи «палав» аз калимаи шолӣ-«пал»-и қадима буда, маънии аз биринҷ пухтани таомро дорад.