Фестивали байналхалқии “Озар” дар шаҳри бостонии Истаравшан ҳунармандони зиёдеро аз гушаву канори олам ҷамъ овард. Шаҳри Истаравшан ба туфайли рушди ҳунармандӣ, азҷумла ҳунари кордсозӣ, ба гирифтани Сертификати байналмиллалии Шӯрои умумиҷаҳонии ҳунармандон мушарраф гардид.
