10.06.2026 04:30

Дар меҳмонхонаи “Суғдиён”-и шаҳри Хуҷанд конференсияи илмӣ-амалӣ бо иштироки духтурони чашм аз Федератсияи Россия, Ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон ва Қирғизистон баргузор шуд. Дар он муаммо ва роҳҳои муолиҷаи бемориҳои чашм, истифодаи таҷрибаҳои пешрафта мавриди муҳокимаи иштирокдорон қарор гирифт. Имрӯз муолиҷаи  бемориҳои чашм яке аз масъалаҳои муҳим ба шумор рафта, мутахассисон баҳри пешгирӣ ва истифодаи амалиёти муосир дар сатҳи байналмилалӣ мубодилаи таҷриба доранд. Баргузории конфронси мазкур барои табодули таҷрибаи илмӣ бо мутахассисони хориҷӣ дар ин самт заминаи боэътимод хоҳад гузошт.