Вохурии дастаҳои Хуҷанди шаҳри Хуҷанд ва Истаравшани шаҳри Истаравшан дар даври 4-уми Лигаи Қаҳрамонони кишвар бо пирузии футболбозони дастаи Хуҷанд ба анҷом расид. Барои тамошои ин бозӣ ҳаводорони сершумори ҳарду даста ба варзишгоҳи Спартаки маркази вилоят сарҷамъ омада буданд. Бояд ёдовар шавем, ки дар мавсими имсола ин аввалин пирузии дастаи Хуҷанд аст. Дар Лигаи олии кишвар вилояти Суғдро се даста Хуҷанд, Истаравшан ва Эсхата муаррифӣ менамоянд.
