Санаи 7 апрел дар тамоми ҷаҳон ҳамчун Рӯзи умумиҷаҳонии тандурустӣ қайд карда мешавад. Дар ин рӯз барои солимии ҷомеа, пешгирии бемориҳо таваҷҷуҳ равона гардида, табибон ба сокинон маслиҳату машварат медиҳанд. Имсол дар Тоҷикистон Рӯзи умумиҷаҳонии тандурустӣ таҳти шиори ««Оғози солими ҳаёт — гарави ояндаи накуфарҷом»» доир гардид ва сокинони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд аз хизматраоснии тиббӣ, машварату муоина, ташхис ва дигар тадбирҳои вобаста ба ҳифзи солимӣ бархурдор гардиданд.
