10.06.2026 04:29

Истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ, наздиҳавлигӣ, хоҷагиҳои ёрирасони шаҳрвандон ва ташкилоту муассисаҳо яке аз самтҳои муҳими таъмини амнияти озуқаворӣ ба ҳисоб меравад. Аҳолии деҳот, ки асосан бо кишоварзӣ шуғл меварзанд, аз имконияти кишту истеҳсоли зироати кишоварзӣ самаранок истифода мебаранд. Имрӯз мардум эҳсос кардаанд, ки бо истифодаи мақсадноки замин ва кишту истеҳсоли маҳсулоти бозоргир метавонанд дар беҳдошти вазъи иқтисодиашон мусоидат намоянд.