10.06.2026 04:30

Дар Муассисаи давлатии таълимии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо иштироки профессорону устодон ва донишҷӯёну магистрантон конфренсияи ҷумхуриявии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Масъалаҳои рушди журналистикаи муосир:муаммо ва дурнамо» баргузор гардид. Конференсия дар ду бахш – воситаҳои ахбори оммаи чопӣ ва самтҳои рушди он, назария ва амалияи журналистика ва воситаҳои ахбори оммаи электронӣ сурат гирифта дар он зиёда аз 50 мақола ва маърӯзаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт.