10.06.2026 04:33

Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон ватани азизи ман” таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2019 инҷониб баргузор мегардад. Айни замон даври шаҳриву ноҳиявии ин озмуни боунуфуз оғоз гардида, ҷавонони соҳибистеъдод ҳунари худро пешкаш менамоянд. Озмун давоми баргузориаш сол то сол такмил ёфта, дар ҳама номинатсияҳо истеъдод ва чеҳраҳои навро кашф месозад. Дар ноҳияи Ашт даври аввали озмун ҷараён гирифта, беҳтаринҳо ба марҳилаи вилоятӣ роҳхат гирифтанд.