Дар сохтори кишоварзӣ пахтакорӣ аз соҳаҳои афзалиятноки хоҷагии халқи мамлакат маҳсуб ёфта, чун ашёи гаронбаҳои саноатӣ баҳри фаъолияти бомароми коргоҳҳои истеҳсолкунандаи молу маҳсулоти ниёзи мардум нақши муҳим дорад. Дар ин радиф аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамасола афзун намудани масоҳати кишту ҳаҷми истеҳсоли ин зироати техникӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда мешавад. Соли ҷорӣ хоҷагиҳои кишоварзии шаҳру ноҳияҳои пахтакори вилоят, кишти чигитро ба масоҳати 59 ҳазору 633 гектар ба нақшаи корӣ гирифта, бо истифода аз ҳавои мусоид азм доранд, ки дар муҳлатҳои оптималӣ ин чорабинии муҳими агротехникиро ба итмом расонанд. Тибқи маълумоти фаврии Сарраёсати кишоварзӣ то ба санаи 9-уми апрел дар масоҳати 9 ҳазору 901 гектар кишти пахта гузаронида шудааст.
